- васеъ
- [وسيع]а1. кушод, фарох, паҳновар; муқоб. танг; паҳн; сербар; васеъ-васеъ фарох-фарох, кушод-кушод; биёбони васеъ дашти паҳновар; остини васеъ остини фароху кушод; пешонаи васеъ пешонаи фарох, пешонаи калон; роҳи васеъ роҳи калон, роҳи сербар; ҳавлии васеъ ҳавлии кушод, ҳавлии калон; ҷомаи васеъ ҷомаи бараш аз андоза калон2. фарогирандаи бисёр ҷиҳатҳои соҳае; дониши васеъ дониши зиёд, маълумоти ҳаматарафа; маҷлиси васеи раёсат маҷлисе, ки ба он ғайр аз аъзои раёсат касони дигари ба масъала дахлдор низ даъват мешаванд; оммаи васеи меҳнаткашон ҳамаи табақаҳои аҳли меҳнат, кулли меҳнаткашон; табақаҳои васеи аҳолӣ ҳамаи аҳолӣ, умуми аҳолӣ; қарори васеъ (қабул кардан) қарори ҳамаи масъалаҳоро фарогиранда ва муфассал (қабул кардан); васеъ кардан а) сербар кардан; калон кардан (роҳеро, ҷоеро); б) зиёд кардан; дар ҳаҷм, масоҳат ё миқдор афзудан (мас., кореро майдони киштро); васеъ шудан (гардидан) а) тарзи бевоситаи васеъ кардан; б) вусъат (инкишоф) ёфтан; ҷаҳонбинӣ васеъ шудан // доираи назар васеъ шудан зиёд, амиқ ва ҳаматарафа гаштани тасаввурот, дониш ва шавқу мароқи касе◊ дилро васеъ кардан парво накардан, ғам нахӯрдан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.